Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 дарсади Покистон бебарқ монд


Дар Покистон тандравҳо ба дастгоҳи интиқоли нируи барқ ҳамла карданд ва онро аз кор бароварданд. Дар натиҷа бештар аз нисфи Покистон аз барқ маҳрум шуд. Зафарёб Хон-сухангӯи вазорати обу барқи Покистон гуфт, ки тундравҳо дар вилояти ҷануби ғарби Балуҷистон ба ин дастгоҳ ҳамла бурдаанд.

Бино ба маълумоти тақрибӣ, 80 дарсади қаламрави Покистон бидуни нируи барқ боқӣ мондааст. Шарҳои Исломободу Карочӣ ва Лоҳур аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Мақомоти зидахл гуфтаанд, ки ба зудӣ харобиро барқарор ва интиқоли нируи барқро оғоз хоҳанд кард.

Покистон ҳамеша камбуди нируи барқ дорад ва ин харобӣ яке аз таҷрибаҳои сахти бебарқӣ дар кишвар будааст.

XS
SM
MD
LG