Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли бераҳмонаи модар аз дасти фарзанд


Як сокини 30-солаи ноҳияи Ашт бо иттиҳоми қатли модари 67-солааш боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, Абдуллоев Олимҷон модарашро бо санг зада куштааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини 30-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо иттиҳоми қатли модараш хабар медиҳад. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорати умури дохила, Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1985, рӯзи 23 январ дастгир шуд.

Гуфта мешавад, Олимҷон Абдуллоев, ки қаблан ҳам маҳкум ба зиндон шудааст, “дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо санг ба сару рӯи модараш Абдуллоева Тиллобибӣ соли таваллудаш 1948, якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа модараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.»

XS
SM
MD
LG