Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 толиб дар ҷангҳои Афғонистон


Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷараёни се амалиёти ҷудогона 23 тан аз мусаллаҳони “Толибон”-ро куштанд. Дар хабари рӯзи 21 январ нашркардаи вазорат омадааст, ки набардҳо тайи шабонарӯзи гузашта дар вилояти ҷанубии Қандаҳор ва дар вилоятҳои шимолии Қундуз ва Каписо сурат гирифтанд. Бар асари даргириҳо ду сарбози артиши миллии Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Як рӯз аз ин пеш вазорати дифоъ дар бораи хатми амалиёти тулонии артиш дар вилояти ғарбии Кунар иттилоъ нашр кард. Дар амалиёти Кунар, ки баъд аз ҳамлаи “Толибон” ба волусволии Дангам, воқеъ дар марз бо Покистон, моҳи декабри соли гузашта шурӯъ шуд, ъа иттилои расмӣ, 261 ситезаҷӯ кушта ва 147 нафари дигарашон маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати мудофиа мегӯяд, ки артиш дар амалиёти Кунар 17 сарбозро талаф дод, 45 афсару сарбози дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG