Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавзаҳо пешниҳоди ҲНИТ-ро рад карданд


Комиссияҳои минтақавии (участкаҳои интихоботӣ) интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як қатор навоҳии кишвар пешниҳоди ҲНИТ дар робита ба ворид намудани намояндагонаш дар участкаҳои интихоботиро рад карданд. Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 15 январ бо тасдиқи ин хабар гуфт, пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба ворид намудани намояндагонаш аз тарафи ҳавзаҳои минтақавии як қатор навоҳии кишвар рад карда шуд. Вай афзуд, ҲНИТ ба ҳавзаҳои минтақавии ноҳияҳои Панҷакент, Ғончӣ, Мастчоҳ, Хуҷанд, Истаравшан ариза пешниҳод карда хоҳиш кардааст, ки намояндагони онҳоро дар участкаҳои интихоботӣ ворид кунанд. Ҷаноби Додоев афзуд, масъулони ҳавзаҳои интихоботӣ бар асоси қонуни интихоботи Маҷлиси олииТоҷикистон ба ҲНИТ посух додаанд, ки “ташкил додани участкаҳои интихоботӣ бо таклифи аҳзоби сиёсӣ пешбинӣ карда нашудааст.” Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1 марти соли равон доир мешавад ва пешниҳоди номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ ҳамакнун идома дорад.

XS
SM
MD
LG