Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Сиёвуш ба "Абу Умариён"


“Абӯ Умариён” ва як ҷавони дигари тоҷик, ки мегӯянд, дар Ироқ меҷанганд
“Абӯ Умариён” ва як ҷавони дигари тоҷик, ки мегӯянд, дар Ироқ меҷанганд

Як ҷавони тоҷик бо номи Сиёвуш Наботӣ ба “Абӯ Умариён" -- як ҷангии тоҷик дар Ироқ, ки аз раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" хостааст ба онҳо иҷозаи "ҷиҳод" дар Тоҷикистонро бидиҳад, посух додааст, ки айнан инҷо нашр мешавад.

Ҷаҳони имрӯз, ки пурталотум аст инсон ҳам мехоҳад аз ин тазодҳо ва ноҳамвориҳои ҳаёти мардум огаҳӣ пайдо кунад. Маҳз ҳамин мушкилиҳои ҷойдошта инсонро водор месозад вориди сомонаҳои интернетӣ шавад ва аз хабарҳои рӯз огаҳӣ пайдо кунад. Инсон, ки мавҷуди биологист, пур аз эҳсос асту бештар ба мавзуъҳои характери эҳсосидошта майл мекунад. Дар ин росто дар Васоити ахбори омма низ як қатор маводҳо ба нашр мерасанд, ки эҳсоси мардумро фаро мегиранд. Ва яке аз мавзуъҳои доғи рӯз дар тамоми ҷаҳон ин терорризм ва эктеремизму ба қавле “ҷиҳод” аст. Ин ҳама мардумиТоҷикистонро, ки 99 фисад мусалмонанд бетараф намегузорад. Чун ҷавонон низ мехоҳанд ба интернет ва иттилоот дастрасӣ дошта бошанд то навгониҳои дунёи ислом ва исломгароёнро бидонанд. Зеро дар ин авохир теъдоди ҷавонони бетаҷриба, ки дониши қазоии динӣ надоранду ба гурӯҳҳои тундгаро, ки ҳадафашон нооромсохтани фазои кашвар аст,бештар мешаванд. Барои мисол чанд рӯз қабл дар торнамоӣ Радиои Озодӣ матлабе нашр шуд ва дар он нақл аз ҷавоне мешуд, ки бо мӯи сари давида ва риши ноҳамвор ки “гуё нишонаи мусалмон будану ба ҷаннат рафтан аст”, ба иддаои худаш, дар Ироқ дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” меҷангад, мегуфт, қасди “ҷиҳод” дар Тоҷикистонро ҳам доранд.

Ин ҷавон, ки худ заррае аз шариату ислом ва дини мубин хабар надорад, гуфтааст “аз Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари давлати худхондаи “Давлати исломӣ” иҷоза пурсидаанд, то барои ҷиҳод дар Тоҷикистон розӣ шавад”. Дар ҳоле ки ҳеч як халифа ва ё нафари дигар салоҳияти қабули қарор дар масъалаи баргузории ҷиҳод дар Тоҷикистонро надорад. Ҳамчунин дар дунё ва таърихи инсоният давлате ҳамчун давлати худхонда ва худкома вуҷуд надошт, ки мардумаш ҳамчун давлати иҷтимоӣ ва дорои адолати инсонӣ арзи ҳастӣ ва онро эътироф карда бошанд. Аз ин хотир, ба ҳарфҳои “по дар ҳаво”-и ин ҷавони ноогоҳ аз дину ислом, наметавон хомӯш буд. Ва посух ба ин ҷавон ин аст, ки шумо ҳеҷ коре барои индавлату миллат накардед, ки аз кадом як аҷнабии бедин, ки дар ниқоби Халифа худро ҳоким ва иҷозатдиҳандаи ҷиҳод дар давлатҳои нуфузашон мусалмонӣ,иҷозат бипурсед.

Ба бародари азиз, Абу Умариён гуфтаниям, ки аввалин шахсе, ки барои ин Ватан, ки номаш Тоҷикистон аст, худро қурбон хоҳад кард, ман хоҳам буд, то ин миллат осуда бошад!!! Фаромӯш набояд кард, ки дар ин Ватан волидайн ва наздикони ту ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд то ба охир дар фазои ороми ба сар баранд. Ман ҳар гоҳе аз ин Ватан, ки ба хориҷ сафар мекунам пойҳоямро меафшонам то гарде аз сарзамини камзаминам кам нашавад. Ту бошӣ мехоҳӣ ин сарзаминро ноором созӣ. Ҳаргиз иҷозат нахоҳам дод ва гумонам ғолиб аст, ман ва ман баринҳо миллионҳо ҳастанд, ки ба ин иҷозат нахоҳанд дод. Шумо ба эҳсосот дода шудед ва аз рӯи эҳсосот даст ба амалҳои террористӣ мезанеду ин амали худро ба ҷиҳод рабт медиҳед. Инро фаромуш набояд кард, ки ҷиҳод, ки худ калимаи арабист маънои ҷаҳду талош баҳри осудагист на “дар рехтани хун ва бе хонаву дар кардани мардум ва занону кӯдакони бегуноҳ”.

Ман кафолат медиҳам мусалмоние, ки дар Точикистон аст, дар ягон китъаи дунё нест ва нахоҳад буд, дар холе ки давлати мо давлати исломӣ нест, вале 99 фисадаш мусалмонанд. Ҳама ин даъватҳо ва тика-тика карданҳоят бародари азиз гумонам ғолиб аст баҳри роҳ ёфтан ба дузах аст, на ба ҷаннат. Ту ва ту баринҳо мехоханд монеи пешрафти ҷомеаи демократи дар Точикистон бишавед. Худованд ва Расули ӯ дар ҳеч як кадом китоб ва ё ҳадис зикр накардаанд то мо ба хотири ҷиҳод касеро бикушем. Ту, ки ҷавони муҳтарам дар чандин наворҳо худро аз ноҳияи Нуробод муаррифӣ карда баҳри нооромӣ даъват мекунӣ, Худо медонад падару модарат дар кадом азобанд. Чаро дар замони Паёмбар шахсоне, ки падару модари пир доштан ба ҷиҳоди аслӣ, ки он давру ҳамон буд намерафтанд то хидмати эшонро кунанд? Магар ба волидайнат хидмат кардан ҷиҳод нест? Магар дигар роҳи ба ҷаннат ворид шудан набуд? Худованде, ки ин қадар замину осомонро офарид магар як роҳи ворид шудан ба чанатро нишон дод ё туи камсавод хаминашро сарфаҳм рафтӣ? Оё фаромӯш кардӣ, ки Худованд дар Куръони азимушаън дар Сураи Бакара ояти 195 таъкид кадааст «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некукоронро дуст медорад» Абӯ Умариён, Расули Худо қотил ва мақтулро дар ҷаҳаннам ҳукм кардааст магар инро намедонӣ? Маҳз ҳамин Расули Акрам набуд, ки дӯст доштани ватанро гӯшае аз имондорӣ васф карда буд, инро ҳам намедонӣ?

Агар ту “Абӯ Умариёнӣ, ман Сиёвушам ва аз хуни Сиёвушам. Ҷомаи хеш, ки бӯи меҳан ва бо дастони модарам дӯхта шудаанд, онро ба бар мекунам ва ба ҷои силоҳ қалам ба даст мегирам, на ҷомаи дӯхтаи хоҷагони хориҷиро, ки бӯи хун мекунад ва бо дастони касиф дӯхта шудааст”.

Сиёвуш аз Душанбе махус барои Абу Умариён

XS
SM
MD
LG