Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон тағйир кард?


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми Солона, Душанбе, 26 апрели соли 2013.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми Солона, Душанбе, 26 апрели соли 2013.

Паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол на тибқи маъмул дар нимаи дувуми моҳи апрел, балки 23-юми январ садо хоҳад дод.

Ба аввали сол кӯчидани паёми президенти Тоҷикистон барои Маҷлиси Олӣ – ҳарду палатаи порлумонро вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, як дигаргунии мантиқӣ номид. Вай мегӯяд: “Ин фурсати муносибтарест, ки вазифаҳои сол мушаххас шаванд. Фурсати барномарезӣ барои тамоми сол аст ва зарурати кори дубора баъд аз садо додани паём ба миён намеояд. Баъдан, таҷрибаи дигар давлатҳо низ ба назар гирифта шуд.”

Паёмҳои президенти Тоҷикистон ҳамчун барномаи кори ҳукумати ӯ ҳар сол дар моҳи апрел садо медоданд. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ин тағйир, яъне ба 23-юми январ кӯчондани рӯзи паёми солона ба иваз шудани соли молиявӣ дар Тоҷикистон бастагӣ дорад: “Сар аз соли 2014 соли молиявии Тоҷикистон аз 1 январ сар мешавад, на аз 1 апрел, тавре ки дар гузашта буд.”

Аммо мутахассиси бахши андоз ва молияи вазорати молияи Тоҷикистон, Фазлиддин Шомуродов ба Радиои Озодӣ гуфт, “бино бар қонунгузории Тоҷикистон, соли молиявӣ ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад. Ин муқаррарот аз замони Шӯравӣ монда, ҳамин гуна давом кардааст.”

Ба нимаи дуюми апрел таъин шудани рӯзи паёми солона, зоҳиран ба он бастагӣ дошт, ки дар солҳои интихоботи порлумонӣ имкон дода шавад, ҳарду палатаи порлумон интихоб шаванд ва ба кор сар кунанд. Дар чунин солҳо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёмашро бо табрики вакилони нави порлумон шурӯъ кардааст. Имсол ӯ паёмашро ба вакилоне хоҳад расонд, ки ҳамагӣ баъд аз ду моҳ, дар аввали моҳи март ваколаташон ба поён мерасад.

ПАС ЧАРО ЯНВАР?

Онки январ аввали соли молиявиии Тоҷикистон аст, шакке нест. Вале то куҷо он сабаби тағйири рӯзи паёми солона шудааст, норӯшан мемонад, зеро паём бештар эълону раҳнамоии сиёсатҳои дохилию хориҷӣ ва шарҳи ташаббусҳои нави ҳукумат ва президент аст. Соли молиявиии Иёлоти Муттаҳида, барои намуна, аз 1 октябр сар мешавад, вале паёми Барак Обама дар охири январ садо медиҳад. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳар сол дар фурсатҳои гуногун паём медиҳад. Нутқи барномавии президенти Русия, Владимир Путин умдатан дар охири сол (тақрибан поёни соли молиявии кишвараш) ба гӯш мерасад.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Ба январи 2015 кӯчондани паёми солонаи Раҳмон ва он бе шарҳи расмии давлат дар ин бора сиёсатшиносонро бо шубҳаву гумони гуногун рӯбарӯ кардааст. Бисёриҳо интизори сюрпризанд. Вале коршиноси мустақил Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд: “Пеш аз ҳама, ба фикри ман, масъалаҳои иқтисодӣ сабаби ин тағйир шудаанд. Иқтисоди Тоҷикистон бо Русия пайванди зиёд дорад ва вазъи Русия, коҳиши нархи нафту қурби рубл, ҳукуматро ба фаъолияти қавӣ ва сареътар водор мекунад. Чораҳо чӣ хоҳанд буд? Чӣ бояд кард, ки душвориҳоро бартараф намуд? Паём эҳтимолан ба ҳамин пурсишҳо посух хоҳад дод.”

Раҳбари маркази “Индем” дар Душанбе Саймуддин Дӯстов бар ин аст, ки рӯёрӯии Ғарб ва Русия шояд 2-3 соли дигар давом кунад ва “агар Русия хатарҳоро шинохтааст, дар Тоҷикистон вазъ ба маротиб бадтар аст: иқтисоди воқеӣ вуҷуд надорад, салдои манфии мувозанати тиҷоратӣ ваҳшатнок аст, даромад аз муҳоҷират дар ҳоли уфт ва нархҳо дар парвозанд.”

ТАҒЙИРОТИ ВАСЕИ КАДРӢ?

Иқтисодшиносон ва сохторҳои давлатӣ аз таҳия шудани як “барномаи зиддибӯҳронӣ” барои рафъи пайомадҳои бӯҳрони Русия сӯҳбат мекунанд. Дар канори ин гуфта мешавад, ки чунин барнома ба иҷрокунандагони қавӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт. Рашид Ғанӣ Абдулло ба он диққат медиҳад, ки кӯчондани мӯҳлати паёми солона ва он ҳам дар арафаи аз мақомаш рафтани масъули асосии кадрҳои давлат мумкин аст, оғози як тағйири ҷиддӣ дар ҳукумати Тоҷикистон бошад. Вай ҳадс мезанад, ки президент Раҳмон ночор хоҳад буд, кадрҳои ҷавонеро ба ҳукумат орад, ки таҷрибаи соҳибкорӣ доранд ва фишангу абзори иқтисоди бозорро хуб медонанд. “Ин беҳтарин бархӯрд ба вазъи бӯҳронӣ хоҳад буд,” – мегӯяд коршинос.

Вале таърихи 23-солаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нишон додааст, ки ҳукумати ӯ хеле кам ба зарфият ва шоистагии кадрҳояш такия задааст. Ҳарчанд дар даври нави президентияш ҷаноби Раҳмон синни миёнаи ҳукумати худро аз 57 то 52 поён овард, тамоми муддат асосан ба садоқати шахсии кадрҳо арҷ гузошт ва дар панҷ соли охир вуруди хешу наздиконаш ба мансабҳои намоёни давлатӣ ибораи “авлодбозӣ”-ро бар забони мунтақидонаш гузошт.

“Ҷавонони соҳибкор ва донандагони иқтисоди бозаргонӣ”, ки таҳлилгар Рашид Ғанӣ Абдулло онҳоро бунёди нави ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонад, ҳанӯз худро дар ҷомеа нишон надодаанд, аммо ин эҳтимол рад намешавад, ки мумкин аст, чеҳраҳои наве рӯйи саҳна оянд.

ИНТИХОБОТ-2015

Саодат Амиршоева
Саодат Амиршоева

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Саодат Амиршоева мегӯяд, паёми солонаи раисиҷумҳур метавонад ба интихоботи порлумонии 1 март бастагӣ дошта бошад. Вай меафзояд: “Барои шаффоф ва дар асоси қонун гузаштани интихобот ва таъкид ба Қонуни асосии кишвар дар мавриди тарзи баргузории интихобот бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамин паём бошад, чунки дар пеш маъракаи бениҳоят муҳими сиёсӣ истодааст.”

Ба ақидаи Рашид Ғанӣ Абдулло, паёми солона дар арафаи интихобот метавонад нақши таблиғотӣ гирад, вале нозирони вазъ бар инанд, ки ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ростои интихобот мушкили ҷиддие надорад.

ДАР ДЕГ ВА КАФЛЕС

Паёми солонаи раисиҷумҳур одатан аз маҷмӯи эъломияҳои муҳими Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои кори ҳукумат дар як соли гузашта, дастовардҳои он ва барномаҳои оянда иборат аст. Ҳарчанд бахшҳое аз он аз сол ба сол тақрибан такрор мешаванд, ҳар сол чанде аз масъалаҳои умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ё иҷтимоӣ дар он ҷойгоҳи бештар касб мекунанд.

Барои намуна, дар паёми соли гузаштааш раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 бор калимаи “занон”-ро истифода бурд. Бахши умдаи паём ба ширкати васеътари занон дар умури давлат рабт дошт.

Агар дар паёми солҳои 2002 ё 2005 ибораи “ҷойҳои нави корӣ” ягон бор садо надода бошад, дар соли 2014 ҳафт ва як пеш аз он 11 бор ба гӯш расидааст. Вале, зоҳиран, басомад ё чандомади вожаҳо ва ҳамчунон таъкиду диққати раҳбари давлат ба онҳо ба маъние нахоҳад буд, ки ҳукумати ӯ ин таъкидҳоро ба кори амалӣ васл хоҳад кард. Чунончӣ аз соли 2002 то 2014 вожаи “барқ” дар паёмҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 30 то 50 бор зикр шуд ва дар ҳамин муддат ибораи “рушди устувори иқтисодӣ” аз 49 то 81 бор.

Аз паёми раисиҷумҳур чиро интизоред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

XS
SM
MD
LG