Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби ҳукми қатл дар Покистон


Порламони Покистон иловаҳо дар Қонуни Асосии ин кишварро ба тасвиб расонд ва бар асоси он акнун додгоҳи низомӣ метавонад шаҳрвандонеро, ки дар аъмоли террористӣ даст доранд, муҳокима кунад.

Ҳам маҷлиси поёнӣ ва ҳам маҷлиси болоӣ ба иттифоқи оро ин тағиротро 6 январ ба тасвиб расонданд. Интизор меравад, ки дар ин тағирот ҳафтаи кунунӣ раиси ҷумҳур имзо кунад.

Ин тағирот ду сол эътибор хоҳад дошт. Моҳи гузашта Навоз Шариф-нахуствазири Покистон гуфт, ки ташкили мурофиаҳои низомӣ кӯмак хоҳад кард, то “террористҳо ба сазои аъмоли худ бирасанд”.

Баъд аз ҳамлаи 16 декабри Толибон ба як мактаби низомӣ ва ба қатл расондани 142 кӯдак ва 9 омӯзгор дар Пешовар ҳукумат барои саркӯб кардани шӯришиён қадамҳои ҷиддӣ бардоштааст.

Фаъолони ҳуқуқи башар ҳукуматро танқид кардаанд, ки ҳукми қатл дар кишварро дубора аз сар мегирад ва муттаҳамони террорро эъдом мекунад.

XS
SM
MD
LG