Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ: Амрикоиҳо шояд баъди соли 2016 дар Афғонистон монанд


Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, дар як мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Си-би-эси Амрико, изҳор намуд, ки тасмим дар бораи баъди ду сол аз Афғонистон берун шудани ҳама низомиёни амрикоӣ ва эътилофи байнулмилалӣ шояд бознигарӣ шавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ваъда додааст, ки то поёни соли 2016 ҳама афсарону сарбозони амрикоӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Бар пояи созиши амниятӣ миёни Вошингтон ва Кобул, баъд аз хурӯҷи эътилофи таҳти фармони НАТО аз Афғонистон тақрибан 13 ҳазор низомии амрикоӣ ва бархе кишварҳои дигар ба хотири тамрини нерӯҳои афғон дар кишвар мондаанд.

Ашраф Ғанӣ дар барномаи “60 дақиқа”-и шабакаи Си-би-эс гуфт, мӯҳлати хурӯҷи амрикоиҳои боқимондаро аз Афғонистон бояд дар зеҳн нигаҳ дошт, вале он “догма” нест. Дар посух ба суоли хабарнигор, ки оё Обама аз ин мавқеъи Ашраф Ғанӣ огаҳ аст, раисиҷумҳури Афғонистон посух дод, ки “раисиҷумҳур Обама маро хуб мешиносад. Ба мо ҳама чизро ба ҳамдигар гуфтан шарт нест”.

Аз аввалҳои сол нерӯҳои афғон масъулияти пурраи таъмини амният дар кишварро бар ӯҳда гирифтанд. Гурӯҳҳое дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба тавонмандии нерӯҳои ҳукуматӣ ба таъмини амният шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG