Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавон барои алоқа бо духтари 12-сола


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи як сокини 18-солаи ноҳияи Ҳисор бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо як духтари ҳамагӣ 12-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Р.С., соли таваллудаш 1996, бар асоси шикояти падаори духтари ноболиғ дастгир шудааст. Дар хабари вазорати умури дохила омадааст: “Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд М.Э. соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 22.12.с.2014 марди ношиносе дидаю дониста бо духтари ноболиғи ӯ М.З. соли таваллудаш 2002, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, алоқаи ҷинсӣ намудааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Р.С. соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҳисор дастгир карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.​»

XS
SM
MD
LG