Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?»


Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон натиҷаи озмуни худ оид ба беҳтарин мақола ар мавзbи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014- ро ҷамъбаст намудааст, ки муалифи мақолаи «Чаро дар саргаҳи об бе барқ ва ташналабем?»-и рӯзноманигори "Садои мардум" барандаи ҷои аввал шуд. Муҳаммадато Султонов сухагӯи Маҷлиси намояндагони бо тасдиқи ин хабар рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзноманигори “Садои мардум” Далер Мерганов бо 71 хол барандаи ҷои аввал дониста шуда ва 4000 сомонӣ дарёфт кард. Барандаи ҷойи дуюм муаллифи мақолаи «Фалокати экологӣ сарҳад надорад»-и устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ Давлат Давронов дониста шудааст ва дар ҷои сеюм хабарнигори телевизони “Ҷаҳоннамо” Аҳлиддини Тоҳир барои филми «Об барои ҳаёт» ва «Тағйирёбии иқлим» қарор гирифтааст.

Озмуни мазкур аз 1-уми январ то 1 декабри соли 2014 идома карда, барои ғолибон барои ҷойи аввал 4000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 2000 сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG