Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши баме дар Кветта 28 кас маҷруҳ шуд


Мақомоти Покистон дар шаҳри Кветта мегӯянд, ки 24 декабр як бам дар бозори пуродами шаҳр таркид ва тақрибан 28 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Пулис ба радиои Машъал, яъне ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки баме дар дучарха гузошта шуда будааст ва дар назди мағозаҳо тақрибан соати 8 шом ба вақти маҳаллӣ таркидааст.

Масъулияти ин таркишро касе ё гурӯҳе бар уҳда нагирифтааст. Чанд мағоза аз ин таркиш осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG