Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба шасту ду донишҷӯи тоҷик ҳаққи вуруд дод


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои дарёфти ҳақи вуруд ба 62 донишҷӯи тоҷик ба хоки Русия номаи расмӣ дарёфт кардааст. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 23 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз Хадамоти федеролии Русия ба онҳо хабар додаанд, ки ба 62 донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарданд, ҳаққи вуруд дода шудааст. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ҳудуди 140 тан аз донишҷуёни Тоҷикистон, ки дар донишгоҳҳои мухталифи Русия таҳсил мекарданд, бинобар надоштани ҳаққи вуруд, имкони идомаи таҳсилро надоштанд. Феълан санаду ҳуҷатҳои 78 донишҷӯи дигар аз тарафи Хадамоти федеролии Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG