Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мактаби Пешоварро маҳкум карданд


Кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи маргбор ба як мактаби мутаалиқ ба артиши Покистонро маҳкум карданд, ки дар натиҷаи он ҳамла 130 нафар ва аксаран кудакон кушта шуданд. Ҳукумати Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳамлаи “ваҳшатнок” дар шаҳри Пешоварро маҳкум мекунад ва ҳамчунон аз талошҳои Покистон барои “маҳви ифротгароӣ ва терроризм” ҳимоят хоҳад кард. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, “куштани кӯдакони бегуноҳ, мухолифи фармудаҳои ислом аст.” Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса ҳамла ба мактаби Пешоварро “разилона” номид ва гуфт, кишвараш омода аст, дар мубориза бар зидди терроризм ба Покистон кӯмак расонад. Франк Валтер Штенмайер, вазири умури хориҷии Олмон хунрезӣ дар мактабро башиддат маҳкум кард. Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Покистон гуфт, ки аз ин амали “бераҳмона ва хунсардонаи террористӣ” дилшикаста шудааст. Айни замон Навоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 16-уми декабр қавл дод, кик то замони решакан кардани терроризм дар кишвараш, амалиёт алайҳи Толибонро идома хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG