Фаъолони нируҳои мухолифони Озарбойҷон ва ҷонибдорони онҳо 14 декабр дар раҳпаймоие дар Боку аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, ки зиндониёни сиёсиро раҳо кунанд ва ба фишор хотима диҳанд.
Тақрибан 1 500 нафар дар ин раҳпаймоии қонунӣ ширкат доштанд. Раҳпаймоиро ҳизби Мусовот ташкил кард ва он дар варзишгоҳи Маҳсул дар канори шаҳри Боку баргузор шуд.
Исо Қамбар-раҳбари ҳизби Мусовот гуфт, агар Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кишвар ба зудӣ зиндониёни сиёсиро раҳо накунад, онҳо аз маҳофили байналмиллалӣ хоҳанд хост, то Бозиҳои тобистонаи аврупоӣ дар Бокуро бойкот кунанд. Ин бозиҳо тобистони соли оянда баргузор мешавад.