Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ дар Остона ҷаласаи нахуствазирони СҲШ баргузор мешавад


15 декабр дар Остона-пойтахти Қазоқистон мулоқоти нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар он ҳайати Тоҷикистон низ ширкат хоҳад кард.

Қарор аст дар ин мулоқот масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва башарӣ ва ҳамчунин барномаҳои фаъолияти ин созмон барои солҳои 2012-2016 баррасӣ шавад.

Дар ҷаласа ба ҷуз аз ҳайати Тоҷикистон ҳайатҳо аз Қазоқистону Қирғизистон, Чину Русия, Узбакистон ва ҳайатҳои кишварҳои нозир аз Афғонистону Ҳиндустон, Эрону Муғулистон ва Покистон ширкат хоҳанд ҷуст.

Интизор меравад, ки дар поёни ин ҷаласа дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои хадамоти гумрукии кишварҳои узв санаде ба имзо расад. Мулоқотҳои алоҳидаи нахуствазироникишварҳои узв дар ҳошияи ин ҷаласа низ дар назар дошта шудааст

XS
SM
MD
LG