Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон хостанд, Хадиҷа озод шавад


Рӯзи 8-уми декабр даҳҳо нафар дар назди сафорати Озарбойҷон дар шаҳри Вашингтон ҷамъ омада ва хостори озодии Хадиҷа Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ шуданд. Тазоҳургарон ба кормандони сафорат номаеро супурданд, ки дар он аз ҳукумати Озарбойҷон хоста шудааст, Хадиҷа Исмоиловаро аз боздошт раҳо кунад. Тазоҳуротро Аманда Ривкин, як хабарнигори аксбардори амрикоӣ ташкил кард, ки дар Озарбойҷон таҳқиқ анҷом додааст. Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 5-уми декабр амр доданд, ки Хадиҷаро барои ду моҳ дар боздошт нигаҳ доранд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯ як мардеро ба худкушӣ ташвиқ кардааст. Пештар аз ин ва рӯзи 8-уми декабр Кумиссиёни Ҳелсинкии Амрико гуфт, аз боздошти Хадиҷа Исмоилова “бисёр нигарон” аст. Бен Кардин, сенатори демократ, гуфт, ки Хадиҷа барои талошҳояш ҷиҳати ошкор кардани фасодкорӣ ва тарафдориаш аз маҳбусони сиёсӣ дар Озарбойҷон мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG