Чак Ҳейгел, вазири дифои ИМА, рӯзи 6 декабр хабар дод, ки баъд аз хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба таври иловагӣ боз ҳазор афсару сарбози амрикоӣ дар ин кишвар хоҳанд монд.
Қаблан раисиҷумҳур Барак Обама эълом дошт, ки соли 2015 дар Афғонистон 9800 низомии кишвар боқӣ мемонанд. Чак Ҳейгел, ки дар охирин сафараш дар Афғонистон ба ҳайси вазири дифои Амрико қарор дорад, рӯзи шанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон 10 ҳазору 800 нафар хоҳад буд. Вазири дифои Амрико гуфт, ки ба дарозо кашидани интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва дер имзо шудани созиши амниятӣ барои кишварҳои хориҷӣ дар амри хурӯҷи нерӯҳояшон то поёни сол мушкил эҷод кардаанд.
Қарор аст, ки Чак Ҳейгел ба зудӣ мақомашро тарк кунад – Барак Обама рӯзи 5 декабр номзадии Эштон Картер ро ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кард. Эштон Картер дар гузашта муовини вазири дифои Амрико ва масъули таъмини нерӯҳои мусаллаҳ бо силоҳу лавозимот буд ва, аммо таҷрибаи кори низомиро надорад.