Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе--Кӯлоб дар Себистон баста шудааст


Бар асари резиши барфи зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе -- Кӯлоб дар мавзеи Себистон то Норак ҳаракати мошинҳо масдуд шудааст. Раёсати иттилооти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 4 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари резиши барфи зиёд ҳаракати нақлиёт дар маҳалали Себистон то Норак номумкин шудааст. Шамсмуҳаммад Назриев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳақиқат бар асари барфборӣ ва лағжонак шудани роҳ мошинҳо наметавоанад баландиӣ дар маҳаллаи Себистонро убур кунанд ва феълан даҳҳо мошин дармондаанд. Вай афзуд,ки ин ҳодиса тақрибан 20 дақиқа қабл дар соати 14 00 ба вақти маҳаллӣ рухдод ва вазорат маводи зидди лағзиши иборат аз намак ва хокро ба маҳалли масдудшудаи роҳ интиқол доданд ва имкон дорад ба зудӣ имкони убур фароҳам оварда шавад. Ҷаноби Назриев афзуд аслан мошинҳое дармемонанд, ки балонҳои зимистонаи худро васл накардаанд ва бо бориши андаки барф пеш рафта наметавонанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикисон мегуяд, ки ҳаракати мошинҳо ба дигар самтҳои кишвар озод аст.

XS
SM
MD
LG