Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: "Мо якҷоя ДИИШ-ро шикаст хоҳем дод"


Вазири умури хориҷии ИМА мегӯяд, ки Эътилофи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” то пирӯзии комил аз болои ситезаҷӯён боқӣ хоҳад монд.

Изҳороти Ҷон Керрӣ рӯзи 3 декабр дар Брюссел, қабл аз шурӯи нишасти вазирони умури хориҷии тақрибан 60 кишвари узви Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” пахш шуд. Ӯ афзуд, ки Амрико пайваста роҳҳои муассири мубориза бо ситезаҷӯёнро меҷӯяд ва умедвор аст, ки бархӯрди ҳамаи кишварҳои узви Эътилоф ҳамин гуна хоҳад буд.

Ба гуфтаи раҳбари идораи сиёсати берунаи Амрико, бар асари амалиёти Эътилоф гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки бахше аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол кардааст, ҳамарӯза қурбонии зиёд медиҳад. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, ситезаҷӯён аъмоли худро "ҷиҳод" мехонанд, дар ҳоле, ки ҳама уламо ва рӯҳониёни аршади мусалмон кушторҳои ваҳшиёнаи маҳкум мекунанд. Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, “аъзои Эътилоф аз ҷиҳати ҷуғрофӣ, таърих, пайдоиш, фарҳанг аз ҳам фарқ мекунанд, вале ҳамаи мо таҳдиди “Давлати исломӣ”, хатари он ба манфиатҳоиву арзишҳоямонро эътироф мекунем”

Дар нишасти вазирони умури хориҷии бархе аз кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалӣ шоми чоршанбе мавзӯи пешрафт дар мубориза бо ситезаҷӯён баррасӣ ва стратегияи нав алайҳи “Давлати исломӣ” таҳия шавад.

ИМА моҳи августи соли равон ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ шурӯъ кард. Охирҳои моҳи сентябр ситезаҷӯёни гурӯҳ дар Сурия ҳам ҳадафи зарбаҳои ҳавоии Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Эътилофи тозабунёд – Арабистони Саъудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Урдун ва Байрайн қарор гирифтанд. Ҳоло ҳавопаймоҳои ҷангии дигар кишварҳои узви Эътилоф - Австралия, Белгия, Бритониё, Канада, Дания, Фаронса ва Ҳуланд ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ зарба мезананд.

Рӯзи 2 декабр Пентагон хабар дод, ки рӯзҳои ахир ҳавопаймоҳои Эрон низ дар алоҳидагӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар шарқи Ироқро бомборон карданд. Аммо Теҳрон ин хабарро рад кард. Зимнан Эрон узви Эътилофи таҳти раҳбари Амрико нест ва аз ин рӯ намояндагонаш дар нишасти Брюссел ширкат надоранд.

Дар ҳамин ҳол Туркия, кишвари узви эътилоф ва ҳамсояи Сурияву Ироқ, барои ҳамроҳ шудан ба амалиёт алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” шитоб надорад. Ҳасани Ҳошимиён, таҳлилгари сиёсии муқими Истамбул, мегӯяд, “Туркия мӯътақид аст, ки решаи бӯҳрон дар Сурия – Башор Асад аст ва то замоне, ки сарнавишти Башор Асад дар як чаҳорчӯби роҳҳали мушаххас маълум нест, наметавон дар як бахши Сурия ба ҷанг бо “Давлати исломӣ” рафт. Истамбул мехоҳад бо як барномаи мушаххас вориди ҷанг бо “Давлати исломӣ” шавад, ки он ба суқути режими Башор Асад мунҷар шавад”.Мавзӯъи дуввум, ба гуфтаи мусоҳиби мо, “норӯшании мавқеъи курдҳост, ки дар ҷангҳо дар Кӯбонӣ аз сӯи ҳукумати Башор Асад меҷанганд. Аз оғои Мусаллам, раҳбари яке аз ҳизбҳои курдҳо, ҳам замони сафараш ба Туркия хостанд, ки мавқеъяшро рӯшан кунад – дар Эътилофи зидди Башор Асад бошед ё дар паҳлӯи ӯ. Агар шумо дар Эътилофи мухолифин бошед, мо ба шумо кӯмак хоҳем кард”.

Дар ҳамин ҳол бисёр аз кишварҳо то ҳанӯз Туркияро дар он айбдор мекунанд, ки ситезаҷӯён тариқи марзҳояш вориди Сурия мешаванд. Ҳасани Ҳошимиён, мегӯяд, ки Туркия марзҳояш бо Сурияро бастааст ва айни ҳол дар сарҳадҳои ду кишвар фақат ду гузаргоҳ боқӣ мондааст, ки дар он ҷо низомиёни Туркия, СММ ва НАТО мустақаранд.

Сиёсатмадорон, аз ҷумла, Ҷон Керрӣ, мегӯянд, ки ҷанг бо гурӯҳи “Далвати исломӣ” шояд солҳо идома кунад.

XS
SM
MD
LG