Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони НАТО Русия, Украина ва Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви паймони НАТО дар Бруссел бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар ин мулоқот аслан бӯҳрони Украина ва бад шудани муносибатҳои Маскав бо ҷаҳони Ғарб баррасӣ мешавад.

Қабл аз оғози мулоқот Ҷен Столтенберг-Дабири Кулли паймони НАТО гуфт, ки “соли 2014 соли таҷовуз, бӯҳрон ва муноқишаҳо буд”. Вай афзуд фаъолиятҳои Русия амнияти кишварҳои узви НАТО-ро зери хатар бурд.

Вазирон дар мулоқоти худ ташкили нируҳои муваққатии вокуниши сареъро баррасӣ мекунанд ва ин нируҳо бояд то соли соли 2015 омода шаванд. Онҳо ҳамчунин ба тавофуқ хоҳанд расид, ки нируҳои НАТО ҳузури худро дар қаламраҳои шарқии ҳудуди ин паймон идома диҳанд.

Интизор меравад, ки барои таҷдиди таҷҳизоти низомии артиши Украина як бунёд ташкил диҳанд, то ба Украина кӯмаки молӣ кунад.

Ба мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои НАТО Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии Афғонистон низ ҳамроҳ хоҳанд шуд. Вазирон бояд масъалаи омӯзиш додани нируҳои Афғонистон ва ташкили ниҳоди машваратӣ ё мушовирон дар Афғонистонро баррсӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG