Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Бах ҳамла дар Пактикоро маҳкум кард


Томас, Бах, президенти Кумитаи Байналмилалими Олимпӣ, ҳамлаи маргталабонаи хунин ба мусобиқаи волейбол дар шарқи Афғонистонро маҳкум кард, ки бар асари он камаш 50 нафар кушта шуданд. Дар ин ҳамла ки рӯзи 23-уми ноябр дар вилояти Пактико ба вуқӯъ пайваст, 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бомбгузори маргталаб ҳангоми мусобиқоти минтақавии волейбол ба байни мардум роҳ ёфтааст ва сипас худро таркондааст. Томас Бах бомбгузориро «ҳамла ба варзиш» ва арзишҳои хуби варзиш номид, ки «дар бунёди ҷомеаҳои қавӣ ва таҳкими сулҳу субот» кӯмак мекунанд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст. Вилояти Пактико, яке аз минтақаҳои ноороми Афғонистон ва дар наздикии марз бо Покистон аст ва дар ҳарду тарафи марз, ҷангҷӯёни Толибу аъзои Ал-Қоида ва шабакаи Ҳақққонӣ фаъоланд.

XS
SM
MD
LG