Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани қисмате аз бозори “Панҷшанбе”


Дар пайи сӯхтор дар умдатарин бозори шаҳри Хуҷанд – “Панҷшанбе” қисмате аз ин бозор тавассути мақомот баста шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки мақомоти марбутаи давлатӣ ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои сӯхтор ва ҳамин тавр вазъи беҳдоштӣ савдо дар ошёнаи дуввуми бозори “Панҷшанбе”, фаъолияти ин қисмати бозорро манъ карданд. Аммо дар ҳамин ҳол ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, ба бархе аз савдогарону соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”, ки дар пайи сӯхтор аз дӯконҳояшон маҳрум шуданд, дар дигар ҷо макони савдо додаанд. Ба ин тартиб, иддае аз соҳибкорон дар марказҳои савдои “20 солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва бозорои маҳаллаи 34, дар маркази шаҳри Хуҷанд бо дӯконҳо таъмин гардидаа ва ба гуфтаи мақомот, соҳибкорон бидуни пардохти иҷорапулӣ фаъолият хоҳанд кард.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хисороти расида бар асари сӯхтори шаби 15 ба 16 ноябр дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷандро наздики 1 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст. Ин аст, ки тоҷирони молу матоашон ба коми оташрафта интизоранд, ки мақомот зарари молии расидаро ҷуброн хоҳад кард. Ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, сӯхтор дар натиҷаи ихроҷи гази моеъ дар ошхонаи “Ҳаниф”, ки дар бозори “Панҷшанбе” ҷойгир аст, сар задаааст. Масоҳати умумии сӯхторро 800 метри мураббаъ гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG