Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси иҷроии САҲА


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 ноябр бо Дидё Буркхалтер, раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷӣ-президенти Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсарияро мавриди баҳс қарор додаанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз ҷумла ба ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву экологӣ ва рушди инсонӣ таъкид шудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳо ба Осиёи Миёна табодули назар намудаанд. Баррасии масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз дигар мавзӯъҳои муҳими ин мулоқот будааст.

Зимнан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар соли 1993 оғоз шуда ва ин созмон бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, ба хусус масоили интихобот, рушди демократия, озодии баён ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Сафари раиси иҷроии САҲА ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки ин кишвар дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 қарор дорад. Чанде пештар як ҳайате аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА аз Тоҷикистон дидан кард ва бо мақомоти ин кишвар, намояндагони аҳзобу созмонҳои маданӣ ва хабарнигорон мавзӯи баргузории интихоботӣ озоду шафоф ва демократиро баррасӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус САҲА интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ ва порлумонии Тоҷикистонро муғойир ба мавозини байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG