Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ барои музокирот ба Вена меояд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 20-уми ноябр барои ширкат дар музокироти атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон ба шаҳри Вена, пойтахти Австрия сафар мекунад. Ҷен Саки, сухангӯи вазорат гуфт, ки Ҷон Керрӣ қабл аз мулоқот бо тарафҳои дигар аввал бо тими музокиракунандаи Амрико гуфтӯгу мекунад. Ҷен Псаки дар ин бора баъди мулоқоти Ҷон Керрӣ бо вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Париж суҳбат кард. Ҷон Керрӣ баъди ду рӯзи гуфтугӯҳо дар бораи масоили Эрон дар Лондон субҳи 20-уми ноябр ба Париж омад. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон саъй доранд, то рӯзи 24-уми ноябр созишнома дар бораи барномаҳои атомии ин кишвар имзо шавад. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта гуфтанд, ки ихтилофи амиқ байни ду тараф вуҷуд дорад ва маълум нест, ки созишнома имзо мешавад ё не.

XS
SM
MD
LG