Тони Блинкен, як мушовири аршади раиси ҷумҳур Барак Обама, гуфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд сиёсаташро бознигарӣ кунад ва ба Украина силоҳҳои кушанда низ бидиҳад. Амрико ҳоло ба Украина, ки бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия меҷанганд, кӯмак мекунад, вале силоҳ намедиҳад. Тони Блинкен, рӯзи 19-уми ноябр гуфт, Маскав созиши Минскро “ҷиддан помол” мекунад. Бар асоси ин тавофуқе, ки Русиву Украина ва ҷудоихоҳон рӯзи 5-уми сентябр дар Минск имзо карданд, тарафҳои даргир бояд ҷангро хотима дода ва барои сулҳ чора андешанд. Ба гуфтаи Тони Блинкен, додани аслиҳа ба Украина Маскавро водор месозад, ки “амиқтар фикр кунад ва аз иқдомоти дигар худдорӣ намояд.” Тони Блинкен дар ин бора дар назди вакилони конгресси Амрико сухан гуфт, ки бояд номзадии ӯро ба мақоми муовини вазири умури хориҷӣ таъйид кунанд. Паймони низомии НАТО чанде пеш гуфт, ки Русия барои кӯмак ба ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба онҷо тонку тӯп ва сарбозонашро фиристодааст. Маскав ин иддаоро рад мекунад.