Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфт шудани ҷасади ду бародар дар Душанбе


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ёфт шудани ҷасади ду бародар, ки 13 рӯзи пеш бедарак шудаанд, хабар дод. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 19 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримов, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе кӯчаи Нусратулло Махсум, хонаи 67/6 ҳуҷраи 9 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо нишони марги маҷбурӣ пайдо шуданд. Ин ду бародар рӯзи 6-уми ноябр бо мошинҳои «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва худрави тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба гуфтаи масъулон, пас аз муроҷиати Меҳроб Каримов, бародари ин афрод дар мавриди бедарак шудани онҳо, гурӯҳи фаврӣ – ҷустуҷӯи созмон дода шуда кофтукоб эълон гардида буд. Ба иттилои расмӣ Фарҳод 34 ва Раҷабалӣ 46 сол доштаанд.

XS
SM
MD
LG