Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: ИМА ба таҷовузи Русия алайҳи Украина муқобила мекунад


ИМА дар садри талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар муқобила бо таҷовузи Русия алайҳи Украина қарор хоҳад дошт. Ба ин нукта Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе 15 ноябр дар суханроние дар Австралия таъкид кард. Дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи Квинсленд дар шаҳри Брисбене дар рӯзи ифтитоиҳ нишасти дурӯзаи “Бистгонаи бузург”, Обама таҷовуз алайҳи Украинаро – таҳдид ба ҳама олам номид. Ба гуфтаи сарвари ИМА, яке аз намунаҳои ин таҳдид – суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина аст.

Киев ва сарони бархе кишварҳои ғарбӣ мутмаинанд, ки ин ҳавопаймо тавассути мушаки ҷудоихоҳони рустабор ба замин сарозер шудааст. Дар ин фоҷиа, ки рӯзи 17 июл рӯй дод, 298 нафар, аз ҷумла, 38 мусофир аз Австралия ба ҳалокат расиданд.

Раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпей дар Брисбен гуфт, ки мавзӯъи бӯҳрони Украина дар меҳвари музокироти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо бо Обама қарор мегирад. Ин мулоқот рӯзи шанбе баргузор мешавад. Ӯ афзуд, ки рӯзи душанбе вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мавзӯи идомаи талошҳои дипломатӣ ва зарурати таҳримҳои нав алайҳи Маскав дар робита ба авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

Ван Ромпей афзуд, ки Маскав бояд интиқоли силоҳ ва нерӯ ба қаламрави Украинаро қатъ кунад ва низомиёнашро аз кишвари ҳамсоя берун кунад.

Маскав ҳама иттиҳомҳои пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон дар Донбассро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG