Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Волгоград қурут ва чаккаро сӯзонданд


Мақомоти Русия мегӯянд, дар фурудгоҳи шаҳри Волгоград қурут ва чаккаи мусофиронро мусодира ва дар майдои ҳавоӣ оташ задаанд. Бино бар хабари дафтари матбуоти Росселхознадзор ин маҳсулотро шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мехостанд ба Русия ворид кунанд ва азбаски дар бораи такриби онҳо ҳеч гуна санади расмӣ мавҷуд набуд, аз тарафи бозрасони Хадамоти давлатии назорати байторӣ дар марзи Русия мусодира карда шуд. Қурут ва чакка дар шароити хонагӣ омода мешаванд ва агар мусофирон онро аз бозор харида бошанд, метавонистанд, аз фурӯшандаҳо нусхаи сертификати сифати маҳсулотро ба даст оранд.

XS
SM
MD
LG