Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупо гуфт, сафинаи хурди иктишофиаш аз фазонаварди “Роззета” ҷудо шуд ва барои нишастан дар болои як шиҳоб ҳаракат дорад. Дар сурати фуруди муваффақ бори аввал аст, ки ба инсоният муяссар мешавад, сафинаеро дар болои шиҳоб фуруд орад.