Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 000 сарбози НАТО дар Афғонистон мемонанд


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Йенс Столтенберг ба як сафари эълоннашуда вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Вай аз нерӯҳои НАТО дар ин кишвар дидан ва бо раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ мулоқот хоҳад кард. Столтенберг, ки аз якуми октябр сарварии НАТО-ро ба зимма гирифт, аз маркази тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон дидан кард. Вай гуфт, НАТО ёриҳояшро ба Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар поёни соли 2014 идома хоҳад дод. Столтенберг ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо нақша дорем наздик ба 12 000 сарбоз бо рисолати пуштибонии қатъӣ боқӣ монанд. Ин гурӯҳ аз якуми январи соли 2015 вориди амал хоҳад шуд ва ҳадафаш тамрин, машварат ва ҳамёрӣ ба нерӯҳои амниятии Афғонистон хоҳад буд. Ин бозтоби он аст, ки Афғонистон нерӯҳои миллии худро иборат аз 350 000 сарбоз ва полис омода кардааст, ки нерӯи қавӣ ва тавоност.” Столтенберг аммо гуфт, ин нерӯҳо дар амалиёти ҷангӣ ширкат нахоҳанд кард. Шумори нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар соли 2010 ба 130 000 нафар расида буд, вале ҳоло танҳо 34000 афсару сарбози он дар ин кишвар боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG