Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Губернатори Санкт-Петербург ба Душанбе меояд


Губернатори Санкт-Петербург Георгий Полтавченко барои як сафари серӯза ҳамроҳи як ҳайати васеъи расмӣ рӯзи 6 ноябр ба пойтахти Тоҷикистон хоҳад омад. Дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон имрӯз бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Георгий Полтавченко -- губернатори Санкт Петербург имрӯз барои як сафари серӯза вориди Душанбе хоҳад шуд ва 7 ноябр бо шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуда ба дунболи он барои намояндагони васоити ахбори умум нишасти хабарӣ баргузор хоҳанд кард. Сипас дар доираи ин сафар губернатор Полтавченко аз Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дидан намуда, ба дунболи он ҳамроҳи ҳайати расмӣ ба корхонаи алюминиум "ТАЛКО", корхонаи кабели “Ноқили ТАЛКО” ва “Тоҷиктекстил” хоҳад рафт. Дар назар аст тибқи барномаи сафар Георгий Полтавченко бо Маҳмадсаид Убайдуллоев як ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории ҳукуматҳои шаҳри Санкт-Петербург ва Душанбе ба имзо расонанд. Рӯзи 7 ноябр дар Кохи Ваҳдат маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Санкт-Петербург дар Душанбе сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG