Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозингари КВН бо ҳероин «Поле чудес» кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз манзили собиқ узви дастаи КВН-и Озарбойҷон ва акнун банкдори маъруф Илгар Нозим Оглы Иманов дар деҳаи Количевои наздикии Маскав 174 килограм ҳероин кафш ва мусодира шуд.

Полиси Русия мегӯяд, аз хонаи бозингари машҳури КВН ва узви дастаи «Ҷавонмардон аз Боку» Илгар Нозим Оглы Иманов 174 килограм героине пайдо шуд, ки дар қуттиҳои банан бо мошинҳои боркаш аз Осиёи Марказӣ ба Маскав интиқол дода шудааст. Гуфта мешавад, Хадамоти амнияти Русия мудати зиёде ҳаракати ин «бор»-ро зери назорат доштааст. Ба гуфтаи масъулони Бунгоҳи мубориза бо маводи мухаддири Русия ин миқдор героин ба 500 миллион доллар баробар аст.

Маводи мухаддир аз қасре дар қитъаи 17 садии ҳектор дар деҳаи Количевои наздикии Маскав дар ҳоле кашф шудааст, ки ин ҳавлиро ду шаҳрванди Тоҷикистон посбонӣ мекардаанд. Даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар қочоқи ин мавод зикр нашудааст, аммо полис мегӯяд, ҳангоми боздошт яке аз тоҷикон сармасти маводи мухаддир буд.

Раиси Хадамоти федеори назорат бар маводи мухаддири Русия Виктор Иванов ба хабарнигорон гуфтааст, ки Илгар Нозим Оглы Иманов шахси дар доираҳои ҷиноӣ машҳур аст ва аъмоли ӯ аз аввали соли 2013 ба ин сӯ зери назар будааст. Аммо бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ мекунанд, ки мумкин аст, вазни асосии иттиҳом бар дӯши ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон афтад, зеро 174 килограм ҳероин аз манзили зисти посбонҳо ёфт шудааст.

Иманов, ки ҳанӯз боздош нашуда, танҳо мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст, ба гуфтаи мақомоти Русия, рӯзи 18 октябри соли 2014 мошини гаронбаҳои «Audi Q7»-ро ба 100 000 доллар харидорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG