Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$12 млн Бунёди Оғохон ва Амрико барои минтақаҳои марзии Тоҷикистон


Cафорати Амрико дар Тоҷикистон ва намояндагии доимии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон созишномаи нави паймони саросарии рушдро ба имзо расониданд. Паймон рӯзи 30 октябр дар Марказии исмоилияи Душанбе аз сӯи сафири Амрико Сюзан Эллиот ва раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнонӣ имзо шуд. Ин паймон ба ҳадафи беҳбуди зиндагии сокинони марзии Тоҷикистон бо Афғонистон рӯи даст гирифта шуда ва барои панҷ соли оянда маблағи 12, 1 миллион долларро дар бар мегирад. Ин маблағ аз ҷумла барои рушди иқтисод аз тариқи мусоидат ба соҳибкорӣ, амнияти молиявии хоҷагиҳо, бахшҳои маориф ва тандуруст харҷ хоҳад шуд. Ин паймон ба эҷоди ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард. Сафири Амрико дар маросими имзои ин паймон гуфтааст, ки он ба таври мустақим ташаббуси ҳукумати Амрикоро оиди “Роҳи нави Абрешим”, ки равобити Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро аз тариқи бозорҳои минтақавии энержӣ, роҳҳои нақлиёту савдо, гумрукҳо ва сарҳадот ва бо ҳам пайвастани савдову одамон тақвият мебахшад.”

Аз соли 1992 ба ин тараф мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона ба бахшҳои мухталифи Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG