Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия натиҷаҳои интихоботҳои Луҳанску Донетскро мепазирад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, кишвараш қасд дорад, натиҷаҳои интихоботеро, ки ҷудоихоҳон дар шарқи Украина баргузор карданӣ ҳастанд, эътироф кунад. Ба рағми мухолифати ҳукумати Украина, раҳбарони ҷудоихоҳон дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск гуфтаанд, ки рӯзи 2 ноябр барои интихоби вакилони мардумӣ ва раҳбарони ин "ҷумҳуриҳои" худхондаи “мардумӣ” интихобот баргузор мешавад. Сергей Лавров дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Известия”, ки рӯзи 28-уми август нашр шуд, гуфтааст, Русия интизор дорад, ки интихобот бар тибқи барнома баргузор мешавад ва “мо албатта натиҷаҳои онро эътироф мекунем.” Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, ки ҳаргуна интихоботи маҳаллӣ дар Украина бояд бар тибқи қонунҳои кишвар сурат бигирад ва Киев, интихоботҳо дар Донетск ва Луҳанскро қонунӣ намешуморад. Ҳукумати Украина гуфтааст, ки бахшҳое дар Донетск ва Луҳанск метавонанд, барои се сол сол ҳукумати худидора дошта бошанд ва интихоботи маҳаллӣ рӯзи 7-уми декабр баргузор шавад. Баъди онки Русия моҳи март нимҷазираи Қрими Украинаро ба қаламраваш ҳамроҳ кард, вилоятҳои умдатан руснишини Донетск ва Луҳанск худро “ҷумҳуриҳои мустақил” эълон карданд. Мардуми ҳарду вилоят, ки дар дасти ҷудоихоҳони тарафдори Русия аст, дар интихоботи порлумонии рӯзи 26-уми октябр дар Украина ширкат накарданд.

XS
SM
MD
LG