Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард


Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, Теҳрон сафири худ дар Тоҷикистонро таъин кард ва дар назар аст Ҳуҷатулло Фағонӣ пас аз ду ҳафтаи дигар ба фаъолият шурӯъ кунад. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 28 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҳуҷатулло Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд ва феълан давраи омодасозии аснод идома дорад дар назар аст пас аз ду ҳафта ба фаъолият дар Душанбе оғоз кунад. Гуфта мешавад Ҳуҷатулло Фағонӣ қаблан ҳамчун сафири Эрон дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон фаъолият кардааст. Инак ҳукумати Эрон пас аз як сол сафири худ дар Тоҷикистонро таъин кард ва тайи ин муддат Саидмаҳмуди Садрӣ ба ҳайси сарпарасти сафорати Эрон ифои вазифа мекард. Сафири қаблии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст аз соли 2007 дар ин мақом кор мекард ва соли 2012 ба дунболи анҷом ёфтани маъмурияти кориаш як соли дигар ба фаъолияти худ дар Душанбе идома дод ва дар тирамоҳи соли гузашта тарки Тоҷикистон кард.

XS
SM
MD
LG