Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, хоҳони муқобила бо Русия нест


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ин кишвар дар пайи муқобила бо Русия нест, вале иҷоза намедиҳад, усулҳое, ки амнияти Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба онҳо вобаста аст, халалдор карда шаванд. Дар ин бора Ҷен Псакӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 24-уми октябр дар шаҳри Вашингтон сухан гуфт. Чанд соат пеш аз ин баёния, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ҷаҳон ба ҷои хатарноке табдил мешавад, чунки Амрико саъй дорад, хостаҳои худро ба кишварҳои дигар бор кунад. Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар як форуми байналмилалӣ дар шаҳри Сочи рӯзи 24-уми октябр гуфт, кишварҳои ғарбӣ манфиатҳои қонунии Русия дар Украинаро нодида гирифта ва барои барканор кардани Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина ва аз дӯстони Русия кӯмак кардаанд. Баъди ба қаламраваш ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ва кӯмак ба ҷудоихоҳони дар шарқи Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бар зидди Русия таҳрим эъмол карданд.

XS
SM
MD
LG