Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазир Стивен Ҳарпер: "Канада намеҳаросад"


Стивен Ҳарпер
Стивен Ҳарпер

Стивен Ҳарпер-нахуствазири Канада гуфт, “Канада намеҳаросад” ва бо терроризм мубориза мекунад. Пеш аз ин суханон як сарбозе, ки дар назди лавҳаи ёдгории ҷанг дар назди бинои порламон дар Оттава-пойтахти ин кишвар истода буд, аз тири як марди мусаллаҳи номаълум кушта шуд.

Ҳарпер 22 октябр ҳангоме ба мардуми кишвараш паём фиристод, ки як террористи эҳтимолӣ дар амалиёти нируҳои амниятӣ дар бинои порламон дар тирандозӣ ба қатл расид.

Баъзе аз қисматҳои пойтахти Канадаро ба муҳосира гирифтанд ва террористҳои эҳтимолиро ҷустуҷӯ мекарданд. Матбуот аз қавли мақомоти пулиси Канада мегӯяд, ки пулис мардеро бо номи Майкл Зеҳоф Бибо чун шахси гумонбари ин тирандозӣ ҷустуҷӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG