Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои беҳбуди муносибот натиҷа надод


Ираклӣ Гарибашвилӣ
Ираклӣ Гарибашвилӣ

Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазири Гурҷистон гуфт, талошҳои Тифлис барои беҳбуд бахшидани муносибот бо Русия то ҳол ноком будааст.

16 октябр Гарибашвилӣ дар Тифлис гуфт, талошҳои имкондоштаи ҳукумати Гурҷистон барои беҳбуди муносиботи дуҷониба бо Маскав танҳо дар бахши иқтисод пешрафт доштааст.

Ҳизби нахуствазир бо номи “Орзуи Гурҷистон” ду сол пеш, вақте ки бар сари қудрат омад, қавл дод, ки бо Маскав ҳамкорӣ мекунад. Гарибашвилӣ ин суханони худро дар ҳоле изҳор дошт, ки як рӯз пеш Русия эълон кард, ки бо Абхозистон-ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистон қарордоди ҳамгароӣ имзо хоҳад кард.

Бар асоси ин қарордод сохторҳои дифои муштараки миёни Русия ва Абхозистон ва сохторҳои муштараки нируҳои интизомӣ ташкил хоҳанд шуд ва дар ин ду кишвар фазои ягонаи иқтисодӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Дар роъбита бо ин қарордоди миёни Русияву Абхозистон 15 октябр Гиорги Маргвелашвилӣ-раиси ҷумяҳури Гурҷистон “эъломияи изтирорӣ” ба нашр расонд.

Маскав баъд аз ҷанги мухтасари миёни Русияву Гурҷистон дар соли 2008 Абхозистонро чун кишвари мустақил эътироф кард.

XS
SM
MD
LG