Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Обама аз муҳосираи Кубонӣ дар Сурия


Толори мулоқот дар пойгоҳи Эндрю
Толори мулоқот дар пойгоҳи Эндрю

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба мақомоти дифои тақрибан 20 кишвар гуфт, ки вай аз муҳосираи шаҳри Кубонӣ аз тарафи тундравҳои Давлати Исломӣ сахт нигарон аст ва Амрико ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин минтақаро идома хоҳад дод.

Обама гуфт, вай аз пешравии нируҳои тундрав дар вилояти Амбори Ироқ низ нигарон аст. Вай ин суханонро дар пойгоҳи нируҳои ҳавоии Амрико мавсум ба Эндрю дар канори шаҳри Вашингтон изҳор дошт.

Раиси ҷумҳури Арико пешгӯӣ кард, ки маъракаи зидди гурӯҳҳои тундрав барои муддати тӯлонӣ дар назар гирифта шудааст ва ин маърака то замоне давом хоҳад кард, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш Давлати Исломиро аз байн бибаранд ва таҳдиде аз онҳо дигар дар минтақаву дар ҷаҳон боқӣ намонад.

Аммо Обама ёдовар шуд, ки ин маърака метавонад ҳам пешравӣ ва ҳам ақибнишинӣ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG