Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қрими ҷудошуда шумори аҳолӣ шуруъ шуд


14 октябр дар Қрим шумори аҳолӣ шуруъ шуд ва то 25 октябр давом мекунад. Ин нимҷазираи соҳили Баҳри Сиёҳ моҳи марти соли ҷорӣ аз Украина ҷудо шуд ва ба Русия пайваст. Елена Твирових-намояндаи расмии Хадамоти омори Қрим ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар ҷараёни шумори аҳолӣ ба сокинон 33 суол дода мешавад. Ба ин суолҳо нишонаи зист ё адреси иқомат, навъи хонаи зист, муҷаррад ё оиладор, даромад ва миллат дохил мешаванд.

Шумори аҳолӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ба тоторҳои Қрим фишор меоранд, ки гӯё онҳо мухолифи пайвастани Қрим ба Русия будаанд.

Бино ба шумори аҳолӣ, ки дар соли 2001 баргузор шуда буд, аҳолии Қрим 2 миллиону 340 ҳазор нафарро ташкил мекард, ки беш аз 60 дарсади он худро рус муаррифӣ карда буданд. 24 дарсад украинӣ ва 12,4 дарсад тотрҳои қрим буданд.

Дар саросари Русия соли 2010 шумори аҳолӣ баргузор шуда буд ва шумори навбатӣ соли 2020 дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG