Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар бар зидди Саркисян ба эътироз баромаданд


Ереван, 10 октябр
Ереван, 10 октябр

Ҳазорон нафар дар Ереван-пойтахти Арманистон барои ҳамоиши эътирозӣ ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. 10 октябр эътирозгарон дар ҳамоише истеъфои ҳукумат ва ва Серж Саркисян-раиси ҷумҳури кишвари худро тақозо карданд.

Бино ба гузоришҳо, эътрозгарон ҳукуматро барои рушди кунди иқтисод ва идомаи ришвахорӣ муттаҳам медонанд. Онҳо ҳамчунин ба ғазаб омадаанд, ки Саркисян мехоҳад ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ҳамроҳ шавад. Дар ин иттиҳодия Русия нақши раҳбарӣ дорад. Ба ақидаи онҳо чунин равиш Арманистонро аз гароиш ба Иттиҳодияи Аврупо дур мебарад.

Серж Саркисян 10 октябр дар Минск-пойтахти Беларус қарордоди пайвастан ба Иттиҳодияи Гумрукиро имзо кард.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс гузориш додааст, ки эътирозгарон ҳамчунин ба пешниҳоди Саркиян дар бораи тағирот дар Қонуни Асосии кишвар мухолифат кардаанд. Тибқи ин пешиниҳод бояд дар кишвар нахуствазир нақши аслӣ бозӣ кунад.

Эътирозгарон мегӯянд, ин тағиротро Саркисян барои он пешниҳод кардааст, ки мехоҳад дар оянда баъд аз хатми давраи дуввуми раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2018 ин мақомро соҳиб шавад.

XS
SM
MD
LG