Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Африқои Ғарбӣ зимни вуруд ба ИМА ҷиддан тафтиш мешаванд


Мақомоти ИМА мегӯянд, шаҳрвандони кишварҳое, ки он ҷо маризии Эбола хурӯҷ кардааст, дар бандару фурудгоҳҳои Амрико мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор мегиранд. Вазорати амнияти миллии ИМА рӯзи 8 октябр изҳор намуд, ӯ ба кормандонаш дастур додааст то мусофирони дорои нишонаҳои маризии Эболаро мушаххас кунанд. Ба иттилои хабаргузории Рейтер, ҳарорати мусофирон аз Либерия, Сиерра-Леоне ва Гвинея санҷида мешавад ва онҳо мавриди пурсуҷӯ қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол бемористони Техас дар бораи ҳалокати марди африқоие хабар дод, ки чанде пеш бо нишонаҳои Эбола дар ин ҷо бистарӣ шуда буд. Томас Эрик Дункан сокини Либерия барои дидорбинии пайвандонаш ба аёлати Техас омада буд. Шаш рӯз баъд аз вуруд ба қаламрави Амрико ӯ ба табибон муроҷиат кард ва пас аз ду рӯзи дигар дар бемористони вижа дар шаҳри Даллас бистарӣ шуд. Мақомоти Амрико иқрор мекунанд, ки бар асари иштибоҳи табибон мариз баробари муроҷиаташ ба бемористон бистарӣ нашудааст.

Бар асари хурӯҷи вабои Эбола дар чанд кишвари Африқои Ғарбӣ беш аз 3400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ахиран Бритониё эълом дошт, ки 750 сарбозашро ба Сиерра-Леоне мефиристад то онҳо маркази табобати маризии Эболаро бунёд кунанд.

XS
SM
MD
LG