Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед афроди нигарон аз Эболаро ба оромӣ даъват кард


Кохи Сафед аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар робита ба иттилоъ дар бораи пайдо шудани нахустин мутбалои маризии Эбола дар қаламрави Амрико сабуру ором бошанд. Раҳбари бахши маризиҳои вогири Пажуҳишгоҳи миллии саломатӣ Энтони Фосӣ рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, имконоту таҷҳизоте, ки низоми тиббӣ ва табибони амрикоӣ дар ихтиёр доранд, метавонад аз паҳншавии вабои Эбола дар кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Шахси мубталои маризӣ сокини кишвари африқоии Либерия аст ва барои дидорбинии пайвандонаш ба аёлати Техас омадааст. Шаш рӯз баъд аз вуруд ба қаламрави Амрико ӯ ба табибон муроҷиат кард ва пас аз ду рӯзи дигар дар бемористони вижа дар шаҳри Даллас бистарӣ шуд.

Мақомоти Амрико иқрор мекунанд, ки бар асари иштибоҳи табибон мариз баробари муроҷиаташ ба бемористон бистарӣ нашудааст.

Айни ҳол тақрибан 50 нафар, ки бо ин мубталои Эбола дар тамос шудаанд, аз сӯи табибон тафтиш мешаванд.

Бар асари хурӯҷи вабои Эбола дар чанд кишвари Африқои Ғарбӣ беш аз 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Теъдоди мутбалоёни ба ин маризии марговар аз 7 ҳазор нафар гузашт.

XS
SM
MD
LG