Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми аграриҳо барои гирифтани курсии бештар дар парлумон


Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, Анҷумани пешазинтихоботияшро 18 декабри соли ҷорӣ баргузор ва он вақт муайян хоҳад кард, ки бо чӣ қадар номзад вориди ин сабқат хоҳад шуд. Ин тасмим дар нишасти масъулони ҳизб, ки сиюми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, гирифта шудааст.

Рустам Латифзода, иҷрокунандаи раҳбари Ҳизби кишоварзӣ ва собиқ раиси ноҳияи Восеъ, иштироки ҳизбашон дар интихоботи парлумонии соли ояндаро муҳим донистааст. Ӯ гуфта, ки иштироки онҳо мустақим, яъне бидуни эътилоф бо аҳзоби дигар сурат хоҳад гирифт.

Вай афзудааст, “дар интихоботи соли 2010 Ҳизби аграрӣ соҳиби 2 ҷой дар Маҷлиси намояндагон гашт. Як намояндаи мо узви Маҷлиси миллӣ интихоб гардида буд. Дар интихоботи навбатӣ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то ҳизб соҳиби ҷойҳои бештар гашта, тавассути иштироки фаъоли намояндагонаш дар мақоми олии қонунгузорӣ дар рушди иқтисодқу беҳтар кардани шароити зиндагии мардум саҳми арзанда гузорад.”

XS
SM
MD
LG