Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони Раҳмон барои даъвати ҷавонон ба Артиш


Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар то даҳ рӯзи дигар оғоз меёбад. Ин навбат афроде, ки аз соли 1987 то 1996 таваллуд шудаанд, ба хидмати сарбозӣ ҷалб хоҳанд шуд.

“Барои ташкили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раисони шаҳру ноҳияҳо масъуланд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд”,-таъкид шудааст дар фармон.

Оқои Раҳмон дар ин фармон, ки 16 сентябр содир кардааст, гуфтааст, сарбозоне, ки мӯҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, дар тӯли моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ аз саффи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар "ба эҳтиёт рухсат диҳанд".

XS
SM
MD
LG