Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар гуфтугӯҳо дар бораи Украина пешрафт ҳосил шудааст


Бино ба гузоришҳо, дар музокирот дар бораи фурӯ нишондани муноқиша дар Украина пешрафт ҳосил шудааст. Мулоқоти Гурӯҳи тамос, ки ба он намояндагони Русия, Украина, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва намояндагони ҷудоиталабони шарқи Украина шомиланд, шаби 19-уми сентябр дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус шурӯъ шуд. Бар тибқи гузоришҳо, тарафҳо дар ин мулоқот дар робита ба чанд масъала барои коҳиш додани шиддати вазъ дар шарқи Украина ба мувофиқа расидаанд. Тарафҳои муноқиша аз ҷумла ризоият додаанд, ки тӯпхона ва дигар силоҳҳои сангинро аз минтақаҳои низоъ берун кашанд, парвози ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар фазои ин минтақаҳо бас кунанд, асирони дигарро табодул кунанд ва нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро дар хати қатъи ҷанги байни ду тараф бигузоранд. Леонид Кучма, раиси ҷумҳури собиқ ва раҳбари ҳайати Украина гуфт, ҳамчунин мувофиқа ҳосил шудааст, ки тамоми воҳидҳои низомии хориҷӣ аз қаламрави кишвараш берун шаванд.

XS
SM
MD
LG