Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доктор Абдулло ва Аҳмадзай гуфтугӯ карданд


Ҷеймс Каннингам, сафири Амрико дар Кобул, дар талоше барои рафъи ихтилофоти назар миёни номзадҳои интихоботӣ, байни Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло музокирот доир кардааст. Рӯзе пештар аз ин гуфтугӯи ду номзад дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва шеваву замони эълони натиҷаҳои тафтиши орои интихоботи Афғонистон натиҷае надод. Ҳоло маълум нест, ки музокироти Аҳмад Ғанӣ Ашрафзай, вазири молияи собиқ ва доктор Абдулло, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон бо миёнҷигарии Ҷеймс Канингам чӣ натиҷа додааст. Рӯзи 16-уми сентябр ду номзад дар масъалаи тақсими салоҳиятҳо ба тавофуқ наздик шуданд. Вале Муҷиб Раҳимӣ, сухангӯи доктор Абдулло шоми 17-уми сентябр гуфт, агар натиҷаҳои тафтиши байналмилалии орои интихоботро қабл аз расидан ба созиш эълон кунанд, доктор Абдулло аз музокирот барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ даст мекашад. Ба қавли Раҳимӣ, доктор Абдулло мехоҳад, ки нозирон шумораи бештари орои Аҳмадзайро беэътибор кунанд. Аммо ахирӣ, ки бовар меравад, дар интихобот пирӯз шудааст, ин талабро рад кард.

XS
SM
MD
LG