Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Исроил ба Украина силоҳ намефурӯшад?


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил

Исроил ба далели он ки хашми Русияро барнангезад, аз фурӯши силоҳ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба давлати Украина, ки бо ҷудоиталабон даст ба гиребон аст, худдорӣ кардааст.

Вазорати умури хориҷии Исроил аз фурӯши силоҳ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Украина ҷилавгирӣ кардааст. Телевизиони давлатии Исроил бо эълони ин матлаб хабар дод, ки ҳайате аз Украина ба Тел-Авив омада ва дархост кардаанд, то барои набард алайҳи ҷудоиталабони ҳаводори Русия таҷҳизоти низомӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бифурӯшад.

Бино ба ин гузориш, Вазорати дифои Исроил ба фурӯши ҳавопаймоҳо ба Укриана мувофиқат карда, аммо Вазоарти умури хориҷияш аз ин кор ҷилавгирӣ намудааст.

Телевизиони давлатии Исроил дар матлаби худ гуфт, Вазорати умури хориҷии ин кишвар ба ин натиҷа расидааст, ки фурӯши силоҳ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина мумкин аст, хашми Русияро дар пай дошта бошад ва боис шавад, то Маскав ҷангафзори бештаре ба Сурия ва Эрон интиқол бидиҳад.

Сухангӯи Вазорати дифои Исроил аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст. Гузашта аз ин, замони сафари ҳайати украинӣ ба Исроил ва вақти дархости онҳо аз Вазорати умури хориҷии ин кишвар ҳам эълон нашудааст.

Тарафҳои даргир дар шарқи Украина рӯзи панҷуми сентярби соли ҷорӣ қарори оташбасро имзо карданд, аммо тарафҳо рӯзи душанбе даргири як ҷидоли лафзӣ шуданд. Нерӯҳои давлати Украина ва ҷудоиталабони ҳаводори Русия якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд. Ин санад нахустин оташбас аз замони оғозти даргирриҳо дар моҳи апрели соли ҷорист, ки ҳам Киев ва ҳам Маскав аз он ҳимоят намудаанд.

XS
SM
MD
LG