Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии артиши Эрон ва "Ҷайш-ул-адл" дар Балуҷистон


Сипоҳи посдорони Эрон ва гурӯҳи Ҷайш-ул-адл дар баёнияҳое аз даргирӣ дар постгоҳи марзии Эрон дар Саровон, дар вилояти Сиистон ва Балуҷистон хабар додаанд.

Дар баёнияти равобити умумии артиши Эрон омадааст, ки соатҳои аввали бомдоди имрӯз, 10 сентябр гурӯҳе аз террористони мусаллаҳ бо ҳамла ба як постгоҳи марзӣ дар минтақаи Саровон, қасди тасарруфи онро доштанд.

Гурӯҳи Ҷайш-ул-адл низ мегӯяд, ба постгоҳи минтақаи Оскони Саровон аз соати яки шаб ҳамла кардааст. Бино ба баёнияти Сипоҳи посдорони Эрон, нерӯҳои амниятии маҳаллӣ ва нерӯҳоии басеҷии балуч амалиёти Ҷайшуладлро хусно кардаанд. Ин баёния мегӯяд, ин гурӯҳ аз хоки Покистон барои анҷоми ҳамла иқдом карда буд ва бо талафоти сангин ақибнишинӣ кардааст.

Гурӯҳи Ҷайш-ул-адл аз сӯи дигар мегӯяд мошини ҳомили 600 килограм маводи таркандаро бо истифода аз контрол аз роҳи дур, дар дохили постгоҳ мунфаҷир кардааст. Пас аз ин таркиш, ба гуфтаи Ҷайш-ул-адл, даргириҳо барои се соат идома дошта ва даҳ нафар аз ончи ин гурӯҳ "нерӯҳои режим" номида, кушта шудаанд. Ҷайш-ул-адл мегӯяд, яке аз аъзоёнаш захмӣ шудааст. Равобити умумии нерӯҳои артиши Эрон мегӯяд, дар ин маврид дертар маълумот ироа хоҳад кард.

Дар минтақаи Саровон пештар низ даргириҳои мусаллаҳона рух дода буд. Нерӯҳои Сипоҳи посдорон аз оғози соли нав пас аз кушта шудани 14 марзбон, захмӣ шудани шаш нафар ва гаравгонгирии се нафар аз нерӯҳои пулиси он кишвар дар ҳамлае дар соли гузашта, амнияти минтақаро дар даст гирифтаанд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҳамин минтақа панҷ сарбози Эрон рабуда набуда шуданд, ки дар натиҷа чаҳор тани онҳо озод ва дар мавриди сарнавишти панҷумин нафар гузоришҳои мухталиф ва гоҳ зиддунақиз мунташир шудааст.

Аз сӯи дигар, ба наздикӣ, гузорише дар мавриди кушта шудани Абдурауфи Регӣ, аз аъзои собиқи Ҷайш-ул-адл ва раҳбари Ҷайшуннусра низ мунташир шудааст, ки расонаҳои дохили Эрон сабаби онро даргирӣ миёни ду гурӯҳ унвон карданд. Абдурауф Регӣ дар хоки Покистон кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG