Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Порошенко ва Путин "сахт" будааст


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, баъд аз мулоқот бо Владимир Путин ҳамтои руси худ, гуфт, ҷиҳати фурӯ нишондани муноқиша дар шарқи Украина сари тарҳи созиши оташбаси фаврӣ кор мекунад. Петро Порошенко ӯзи 26-уми август гуфт, ки мулоқоташ бо Владимир Путин дар шаҳри Минск “сахт ва мураккаб” буд, вале ҳама тарафҳо ва бе истисно пешниҳодҳои Украина барои поён додан ба муноқишаро тарафдорӣ кардаанд. Владимир Путин, гуфтугӯ бо Петро Порошенкоро мусбат хонд, вале гуфт, ки ҳаргуна созиши оташбас миёни ҳукумат ва ҷудоихоҳон масъалаи дохилии Украина аст, на кори Русия. Аммо гуфт, Владимир Путин, дар сурати оғози ҷараёни сулҳ барои дастгирии он ҳама корро мекунад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ҷудоихоҳон дар шарқи Украинаро бо силоҳу муҳимот таъмин мекунад, аммо Маскав ин иддаоҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG